Кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо нишони сарисинагии байналмилалӣ сарфароз гардиданд.
Рӯзи 16-уми апрели соли 2026 дар доираи Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши созмонҳои байналмилалии собиқадорон ва ташкилотҳои хизматрасонии илмию техникӣ дар таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ», кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо мукофоти баланд қадрдонӣ карда шуданд.
Барои саҳми арзанда дар рушди соҳа ва таҳкими амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, аз ҷониби Шӯрои байналмилалии собиқадорони энергияи атомӣ ва саноат (МСВАЭП) ба Баротзода Бахтиёр, Назаров Холмурод, Ҳамидов Фарҳод, Азизӣ Олим ва Назаров Фаридун шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ супорида шуд.
Мукофоти мазкур эътирофи фаъолияти пурсамари онҳо дар самти татбиқи стандартҳои байналмилалии бехатарӣ ва густариши ҳамкориҳои илмию техникӣ бо ташкилотҳои бонуфузе чун АБНА (МАГАТЭ) ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии мазкур мутахассисони соҳа аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қиргизистон, Арманистон, Белорус, Муғулистон, Туркия, Австрия, Федератсияи Русия ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), Ассотсиатсияи ҷаҳони операторҳои нерӯгоҳҳои атомӣ, Созмонҳои базавии ИДМ оид ба коркарди партовҳои радиоактивӣ ва коршиносони мақомоти танзимкунандаи кишварҳои гуногун дар самти таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

